Ҷароҳат бардоштани 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Қазоқистон

Дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон бар асари бархӯрдани автобуси мусофирбар бо худравҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар вилояти Қарағанда бар асари бархӯрди автобус бо худравҳо, дасти кам 7 нафар ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад  Kazakhstan Today.

Ба айби ронандаи тоҷик автобуси ҳомили хонандагон чаппа шуд

Манбаъ аз қавли котиботи Вазорати умури дохилии ин вилоят меафзояд, ки аз 7 нафари захмбардошта, панҷ нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур шаби 11 - уми ноябр тақрибан соати  23:30 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Ба маълумоти пешакӣ ронандаи автобус бинобар яхбастани роҳ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба худравҳо бархӯрдаст.

Ҷузъиёти бархӯрди қатора ба автобус бо 67 мусофир дар Қазоқистон - видео

Феълан ҳамаи ҷароҳатбардоштагон дар беморхона қарор доранд ва кормандони пулис ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ намудаанд.