Суруд ва намоҳанги ошпазҳои Узбакистон бо панҷ забон - видео

Иттиҳоди ошпазҳои Узбакистон суруд ва намоҳанги вижаеро барои ҷалби бештари сайёҳон бо панҷ забон ба навор гирифтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Иттиҳоди ошпазони Узбакистон натанҳо суруди хуб эҷод кардаанд, балки ба ин суруд намоҳанги дидание ба навор гирифтаанд.

Навор дар саҳифаи Facebook - и итттиҳод нашр шудааст.

Дар навор тамоми намудҳои ғизоҳои ошхонаи мардуми Шарқ намоиш дода мешавад. Ошпазҳо бо панҷ забон: узбекӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва ҳатто итолиёӣ - сайёҳонро барои чашидани маззаи маҳсули дасташон даъват мекунанд.

Навор аз намоиши дастовардҳои муҳимтарини Узбакистон оғоз шуда, то бозору ошпазхонаҳо идома мекунад.

Албатта, ягон гардишгар дар пешорӯи чунин лазизиҳо истодагӣ карда наметавонад ва даррав барои чашидани хӯрокҳои миллӣ мешитобад.

Ошпазҳои ҷавон ҳамаро ба чойхона даъват мекунанд ва барои пешниҳоди шашлику кабоб омодагӣ мебинанд.

"Гузар сӯи дастархон, дар чойхонаи мо ту хон", - садо медиҳанд ошпазҳо.

Ин намоҳангро аллакай намояндагони беш аз 30 кишвари дунё дар сабқати байналмилалии  "Вкусный Узбекистан-2019" (Узбакистони болаззат - 2019), ки аз 6 то 8 ноябр баргузор шуд, тамошо карданд.