Суҳбати сеҷониба дар Фаронса: Эммануэл Макрон ва Антониу Гуттериш ба Раҳмон чӣ гуфтанд?

Дар Фаронса шоми дирӯз суҳбати сеҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Дабири Кулли СММ Антониу Гуттериш ва раисҷуҳури Фаронса Эммануэл Макрон анҷом ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, шоми рӯзи 11 ноябри соли равон дар доираи иштирок дар чорабиниҳои ҳамоиши Париж оид ба Сулҳ суҳбати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Фаронса  Эммануэл Макрон доир гардид.

Раҳмон дар мулоқот бо роҳбари кулли ЮНЕСКО аз ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъкид кард

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар рафти суҳбати озод доир ба робитаҳои дуҷониба бо СММ ва Фаронса, инчунин доираи васеъи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии Ҳамоиш табодули афкор сурат гирифт.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур зикр намудааст, ки дабири кулли СММ Антониу Гуттериш нақши Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистонро  дар пешбурд ва тарғиби рӯзномаи иҷтимоиву иқтисодии СММ созгор донистааст.

Дар ҳамин ҳол Президенти Фаронса Эммануэл Макрон, натиҷаҳои сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ва силсилаи музокиротро пурсамар ва муҳим арзёбӣ кард.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.