Стивен Сигал домоди Мирзиёевро барои ишғоли вазифаи наваш муборакбод гуфт

Актёри машҳури амрикоӣ Стивен Сигал бо нашр намудани навор аз сафҳаи Отабек Умаров домоди Мирзиёев дар Instagrama - и худ, ӯро барои ишғоли вазифаи наваш муборакбодӣ намудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ҳунарпешаи маъруфи амрикоӣ ва устоди муҳорибаҳои танбатан Стивен Сигал домоди раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёевро дар сафҳаи Instagramбинобар таъин шудани роҳбари Ассосиатсияи муҳорибаҳои танбатан табрик намудаст.

"Дӯстам Отабек Умаров ба ҳайси раҳбари Ассосиатсияи муҳорибаҳои танбатан интихоб шудааст. Муборак бошад. бародар!", - навиштааст дар зери навор Стивен Сигал.

Ёдовар мешавем, ки домоди раисҷумҳури узбакистон Шавкат мирзиёев ахиран дар соҳаи варзиш вазифаи нав гирифт.

Домоди Шавкат Мирзиёев вазифаи нав гирифт

Отабек Умаров авоили моҳи ноябр, ба ҳайси роҳбари Ассосиатсияи муҳорибаҳои танбатан баргузида шуд.

Умаров пас аз интихоб шудан ба ҳайси роҳбари ассосиатсия ба варзишгарон ваъда додаст, барои беҳтар кардани вазъ ва ҷалби  ҷалби сарпарастон барои рушди MMA дар Узбакистон иқдомоти  амалӣ меандешад. Вай изҳори итминон кард, ки шумораи бештари одамон омодаанд, ки барои беҳтар кардани ин намуд варзиш дар Узбакистон  ҳамкории муштарак ба роҳ монанд.

Дар оғӯши падар: домоди Мирзиёев дар Instagram ҳамроҳи духтарчааш видео нашр кард

Бояд гуфт, ки дӯстии амрикоии отабек, Стивен сигал аллакай моҳи сентябр озими узбакистон шуда буд ва дар маъракаи пухтани бузургтарин деги ош дар ҷаҳон ширкат варзида буд.