Роҳ ёфтани 12 дастаи дигар ба марҳилаи ниҳоии Қаҳрамонии Осиё - 2020

Ҳоло ду роҳхати дигар соҳибони худро дар бозиҳои интихобӣ пайдо накардааст, зеро вохӯриҳо дар гурӯҳи "А" 22 ноябр бо иштироки Ироқ, Уммон, Фаластин, Қувайт ва Покистон доир мегарданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Бозиҳои интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни футболбозони ҷавони 19 сола дар 9-гурӯҳ ҷамъбаст гардид.

Дастаи футзали Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё - 2020 роҳхат гирифт

Ба иттилои сомонаи "Варзиш", тибқи натиҷагирӣ, ба ҷузъ аз  мизбони мусобиқа Узбакистон ва дастаи ҷавонони Тоҷикистон, ки барвақт ба ин марҳила роҳ ёфта буд, 12 тими дигари иштирокчии марҳилаи ниҳоӣ муайян гардид.

Бозии интихобии қаҳрамонии Осиё 2020: Тоҷикистон - Ливан

Тибқи низомномаи мусобиқа ғолиби 11 гурӯҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ меёбанд.

Ҳоло ду роҳхати дигар соҳибони худро дар бозиҳои интихобӣ пайдо накардааст, зеро вохӯриҳо дар гурӯҳи "А" 22 ноябр бо иштироки Ироқ, Уммон, Фаластин, Қувайт ва Покистон доир мегарданд.

Турдиев ба пирӯзии мунтахаби наврасони тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё- 2020 бовар дорад

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон ҳанӯз 6-уми октябр баъди анҷоми рақобатҳои гурӯҳи "С" бо зинаи аввал як роҳхатро ба даст оварда буд.