Ишора ё тасмим: Назарбоев аз роҳбаре ёдовар шуд, ки дар 92 солагӣ боз сари қудрат омад

Нахустин раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ҷаласаи Astana club аз истеъфои худ ёдовар шуда, изҳор намуд, ки симмати кишвардориро дар авҷи маъруфияти худ тарк намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik.  Нурсултон Назарбоев нахустин раисҷумҳури Қазоқистон  дар ҷаласаи Astana club изҳор намудааст, ки замони авҷи маъруфияти худ, аз курсии роҳбари давлат ба истеъфо рафт.

Нурсултон Назарбоев истеъфо дод

Назарбоев афзудааст, ӯ ягона кишвардоре нест, ки ба ҳамин шакл аз мансаби раисҷумҳурӣ канор рафт ва аз якчанд раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ном бурд.

"Замоне Шарл де Голл собиқ раисҷумҳури Фаронса ва Ли Куан Ю Собиқ сарвазири Сингапур дар авҷи маъруфияти худ истеъфо доданд. Маҳатҳир Муҳаммад роҳбари ҳукумати Малайзия бошад,  дар синни 92 - солагӣ дигарбора сари мансаб омад. Ман ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ зимоми раҳбарии Қазоқистонро дар даст доштам. Барои Қазоқистон аз ҳама даври мушкилтарин ин давраи пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб меравад", - изҳор намудаст Назарбоев дар ҷаласа.

Нашри суруд ва намоҳанги Нурсултон Назарбоев - Видео

Қазоқистон он замон ҳамчун "лаълии шикаста", буд. Чун дар кишвар  на маводи хӯрокворӣ ва на неруи барқ мавҷуд буд. Илова бар ин сатҳи бекорӣ дар Қазоуистон он замон рӯ ба афзоиш ниҳода буд, - илова намудаст нахустин раисҷумҳури ин кишвар.

Ба изҳори вай, Қазоқистон  дар тӯли ин солҳо иқтисодиёти кишварро 20 маротиба боло бардошт. Мо давлатеро сохтем, ки дар харитаи ҷаҳон мавҷуд набуд. Ин кишвар ҳозир дар харитаи ҷаҳонӣ, давлати соҳибэҳтиром аст.

Пас аз раёсати 30-солаи Назарбоев: дар Қазоқистон интихоботи президентӣ оғоз шуд

Ёдовари мешавем, ки Нурсултон Назарбоев 19 - уми марти соли 2019 тариқи шабакаи телевизиони давлатӣ истеъфои худ аз симмати раисҷумҳуриро эълон намуд.