Раисон бо бел ба мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд оғоз бахшиданд

Фармоишгари корҳои мумфаршкунӣ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, роҳро ширкати “Тоҷ-роуд” бо маблағи 2 миллиону 640 ҳазор сомонӣ мумфарш мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Имрӯз бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба мумфаршкунии асосии роҳи кӯчаҳои байни ноҳияҳои 8-12 –и маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд расман ҳусни оғоз бахшида шуд.

Бино ба гузориши сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд, дар маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки бо дастури Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлоли давлатӣ дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Сокинону мақомот ду кӯчаи шаҳри Конибодомро мумфарш мекунанд

Иттилоъ дода мешавад, ки дарозии кӯчаҳои ду самти байни ноҳияи 8-12 беш аз 1700 метр буда, паҳноии он то 15 метр дар маҷмуъ дар масоҳати 25 600 метри мукааб корҳои мумфаршкунӣ давоми як ҳафта анҷом меёбанд.

Фармоишгари корҳои мумфаршкунӣ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, он аз ҷониби ширкати “Тоҷ-роуд”, ки таҷрибаи беш аз 5 солаи роҳсозӣ дорад, бо маблағи 2 миллиону 640 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз масъулини дахлдор, аз ҷумла аз раисони маҳаллаҳои атрофи роҳ талаб намудааст, ки то ҷараёни мумфаршкунии кӯчаҳо корҳои гузаронидани лӯлаҳои барқу об ва дигар хадамоти коммуналӣ ба анҷом расонида шаванд, то ин ки минбаъд ба сифати роҳи мумфаршгардида латма ворид нагардад.

Раиси вилоят гуфтааст, ки мумфаршукунии роҳ ва дигар тадбирҳои ободонӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳамчанд якчанд иншооти таъиноташ гуногун рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

"Бо дуои пирони кор ва шодиву нишоти аҳли маҳаллаи Темурмалик аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба мумфаршкунии роҳ оғоз бахшида шуд", - омадааст дар хабарнома.

Ҷоиз ба зикр аст, ки тибқи нақшаи Мақомоти шаҳри Хуҷанд дар соли 2019 таъмиру азнавсозии беш аз 33 километр роҳҳои шаҳр ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 32 километри он амалӣ карда шудааст.