ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон қаблан оид ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” дар бахши навозандаи анъанавӣ ва навозандаи эстрадӣ иттилоъ дода буд.
Инак номҳои гирандагони ҷойҳои намоён дар бахши навозандаи академӣ низ ба маълумоти хонандагон расонида мешавад.
Ҷои аввали ин бахш насиби Ҷаннат Ҳусейнзода аз шаҳри Душанбе бо 48 хол, ҷои дуввум насиби Дилрабо Убайдуллоева аз шаҳри Хуҷанд бо 40 хол, ҷои сеюм насиби Улуғбек Ниёзов аз шаҳри Ҳисор бо 38 хол ва ҷои чорум насиби Дилангез Бекназарова аз шаҳри Хоруғ бо 34 хол гардид.
Дар бахши оҳангсоз ҷои аввал ба Зафар Турдиалиев аз шаҳри Душанбе бо 50 хол, ҷои дуввум ба Бахтиёр Убайдзода аз шаҳри Душанбе бо 48 хол, ҷои сеюм ба сокини пойтахт Бахтовар Давлатов бо 46 хол ва ҷои чорум ба Назира Ҳамдамова аз шаҳри Хуҷанд бо 43 хол дода шуд.
Дар бахши сарояндаи академӣ ҷои аввал ба сокини шаҳри Турсунзода Амрулло Калонов, ки соҳиби 70 хол гардид, лоиқ дониста шуд. Ҷои дуввум ба гурӯҳи “Трио” аз шаҳри Хуҷанд, ки 69 хол гирифтанд, насиб гардид. Ҷои сеюм ба Ҳаётҷон Ҳамрохонов аз шаҳри Ҳисор (68 хол) ва ҷои чорум ба Далери Исматилло аз шаҳри Панҷакент (63 хол) муносиб дониста шуд.
Дар бахши ровӣ ҷои аввал насиби сокини шаҳри Панҷакент Муштарӣ Сафарова (49 хол), ҷои дуввум насиби сокини ноҳияи Файзобод Шодмеҳр Давлатов (46 хол), ҷои сеюм насиби Динора Ҷабборова аз шаҳри Душанбе (44 хол) ва ҷои чорум насиби Садаф Ҷангибекова аз ноҳияи Ишкошим (41 хол) дониста шуд.
Дар бахши шоирӣ ҷои аввалро Бузургмеҳри Ҳаким аз шаҳри Ваҳдат бо гирифтани 46 хол ба даст овард. Ҷои дуввум сазовори сокини ноҳияи Тоҷикобод Сулаймони Аҳтам дониста шуд, ки аз ҷониби ҳакамон бо 42 хол баҳогузорӣ шуда буд. Ҷои сеюмро сокини ноҳияи Роштқалъа Назархудо Назархудоев бо 35 хол ва ҷои чорумро Санавбар Раҳимова аз шаҳри Душанбе бо 32 хол ба даст овард.
Босии зикр аст, ки 16 ноябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъбасти ботантанаи озмун бо баргузории галаконсерт ва муайян кардани барандаи шоҳҷоиза, инчунин супоридани диплому ҷоиза ба ғолибони озмун дар назар аст.