Коршиноси рус: ҳамкориҳои Чин бо Узбакистон набояд сабаби рашки дигарон бошанд

Мутахассиси клуби байналмилалии машваратии “Валдай” Александр Ломанов бар он аст, ки дар Осиёи Миёна тамоман як раванди нави ҳамкории дорои аҳамияти минтақавӣ дар заминаи бовари ва ҳамдигарфаҳмӣ рушд кардаистодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ҳамкориҳои Чин бо кишварҳои Осиёи Миёна набояд аз ҷониби Русия ҳамчун сарчашмаи хатарафзо қабул шаванд. Дар ин бора назарашро ҷойнишини мудири Пажуҳишгоҳи илмии миллӣ ба номи Е.М. Примаков оид ба илм Александр Ломанов иброз доштааст. 

Коршинос: пайвастшавии Узбакистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба нафъи ҳама аст
 “Чунки дар минтақа тамоман як раванди нави ҳамкории дорои аҳамияти минтақавӣ дар заминаи бовари ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки тайи 10-15 сол вуҷуд надошт, рушд кардаистодааст”, - дар мусоҳиба ба  Sputnik гуфт Александр Ломанов.

Ба гуфтаи коршинос мафҳуми рақобат ва ҳамкорӣ тағйир меёбанд, чунки тайи ду соли охир метавон баъзе тағйротҳоро дар механизмҳои тиҷорати байналмилалӣ мушоҳида кард.

 “Чин ва на танҳо он, кишваре мебошад, ки мушкилот дар вайроншавии системаҳои содиротиашро, ки тайи 10-солаҳои охир пойбарҷо шуда буданд, эҳсос мекунад. Барои ҳамин дар ҳоле, ки системаҳои куҳна мешикананд дар бораи он ки Китай бо Русия дар ин ҷода рақиб мебошанд гуфтан хатост. Мехоҳам ёдовар шавам, ки тобистони имсол роҳбарони Русия ва Чин – Владимир Путин ва Сӣ Ҷинпин аз ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар сатҳи нав дастгирӣ намуданд”, - мегӯяд Ломанов.

Қирғизистон расман шомили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуд

Ҷумлаи калидие, ки ҳангоми мулоқоти сарони ҳарду кишвар дар он вақт шунида шуда буд ин бовари, ки бояд на танҳо дуҷониба балки ҳамаҷониба бошад.

 “Боварӣ на танҳо миёни Чину Русия, балки миёни кишварҳои Авруосиё ва дигар кишварҳои минтақа метавонад сабаби нигоҳ додштани дастовардҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гардад. Аз фишори сиёсию низомии беруна бояд ҳимоя кард”, - гуфт коршинос.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 10-11 ноябри соли равон дар шаҳри Самарқанд Х-умин конфронси Осиёии клуби “Валдай” баргузор гашта истодааст. Дар кори конфронс коршиносону мутахассисон аз Русия, Узбакистон,  Олмон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон, Филиппин, Шветсия, ва Ҷопон иштирок мекунанд.