Сорбон дар Қаҳрамонии ҷаҳон медали биринҷӣ гирифт

Сорбон Латипов варзишгари тоҷик дар даври дуюми мусобиқаи Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо тавонист медали биринҷиро аз они худ кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Рӯзи дуюми мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба самбо барои варзишгарони тоҷик назар ба нахустин рӯзи ин чорабинӣ андаке муваффақтар буд. Зеро аз миёни варзишгарони ҷумҳурӣ, як самбочии тоҷик ба гирифтани медали нуқра сарфароз гардид.

Натиҷаи самбочиёни тоҷик дар рӯзи якуми Қаҳрамонии ҷаҳон

Бар хабари сомонаи "Варзиш", пас аз мағлуб шудани Акмалиддин Каримов ва Мирзоҷамил Камолов, Сорбон Латипов дар самбои рамзӣ рӯи татамӣ баромад. Ӯ ҳарифи якуми худ - Керон Боурне ро мағлуб намуда, ба даври дуюм роҳхат гирифт.

Дар ин марҳила Сорбон бар самбочии Узбакистон Баҳодур Боқиев неруозмоӣ карда, дастболо шуд. Рақиби навбатии Сорбон дар даври сеюм Лукас Борегалес буд.   Сорбон бар ин ҳамрифаш низ даст ёфт.

Дар даври чорум Латипов аз варзишгари туркманистон Каримберди Давлатов бо ҳисоби 3:5 ноком гардид. Вале дар даври тасаллобахш бар рақибонаш муваффақ шуда, сазовори нишони биринҷии ин сабқати ҷаҳонӣ гардид.

Нуҳ самбочии тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон иштирок мекунанд

Ёдовар мешавем, ки пас аз баргузории дӯ рӯзи сабқатҳои самбои ҷаҳон ин нахсутин ва ягона нишони варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо мунтахаби кишвар дар ҳайати 9 нафар таҳти роҳбарии сармурабӣ - Бозор Носиров қувваозмоӣ доранд.