Муроҷиати сокинони Гулистон ба Аҳмадзода барои кашидани хатти барқ ба маҳаллаҳои навбунёд

Сокинони шаҳри Гулистон ба Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд барои таъмиру тармими иншооти иҷтимоӣ, таъмин шудан бо манзил, дарёфти кӯмаки моддӣ, мусоидат барои гирифтани табобат, кашидани хатти барқ ба маҳаллаҳои навбунёд ва ғайраҳо шикоят карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ахиран дар шаҳри Гулистон дар толори мақомоти шаҳр қабули шаҳрвандон аз тарафи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд баргузор шуд.

Зуҳуров аз шикояти шаҳрвандон то қабули 400 қарор гуфт

Тавре манбаъ хабар додааст, Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони шаҳри Гулистон таъкид кард, ки роҳбарияти вилоят, барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи шаҳру деҳоти вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

“Дар рафти қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят 10 нафар  сокинони шаҳри Гулистон бо масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмиру тармими иншооти иҷтимоӣ, таъмин шудан бо манзил, дарёфти кӯмаки моддӣ, мусоидат барои гирифтани табобат, кашидани хатти барқ ба маҳаллаҳои навбунёд ва ғайраҳо пазируфта шуданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, Вазира Абдулфайзова, яке аз муроҷиаткунандагон миннатдории худро барои дастгирии доимии ҳунармандон ба Раиси вилоят баён намуд.

Вай изҳор дошт, ки бо пешниҳоди лоиҳаи худ ба комиссияи грантии Раиси вилоят 10 ҳазор сомонӣ грант дарёфт карда, барои рушди чакандӯзӣ, гулдӯзӣ ва қуроқдӯзӣ дар шаҳри Гулистон саҳм гузошта истодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода пас аз муроҷиати сокинон ба масъулини сохторҳои вилоятӣ ва роҳбарияти шаҳр барои баррасӣ ва ҳали масъалаҳои матраҳшуда супориш дод.

Ёдрас мешавем, ки тақрибан ҳар ҳафта роҳбарияти вилоят дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи қабули шаҳрвандонро ташкил мекунад. То ин дам қабули шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Айнӣ, Панҷакент, Ашт ва Исфараву Бўстон баргузор гардида, ба ҳалли як қатор муаммоҳои маҳал мусоидат намуд.