Се таркиш дар маркази шаҳри Бишкек - аксу видео

Дар маркази шаҳри Бишкек се таркиш рух дод. Тибқи иттилоъ нуқтаи ғизои тезтайор таркидааст, ки қурбонӣ ҳам дар пай дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар маркази шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар буриши хиёбонҳои Чуй ва Эркиндик се таркиш рух дод.

Нуқтаи ғизоҳои тезтайори "Антошка" дар буриши хиёбонҳои Эркиндик ва Киевский дар гирифтааст, гузориш медиҳад хабарнигори Sputnik Қирғизистон аз ҷои ҳодиса.

Се таркиш дар маркази шаҳри Бишкек - аксу видео

Хабарнигор қайд мекунад, ки дар паи таркиш ду кас ҷароҳатдор шудааст ва бо худравҳои вижа ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Мошинҳои оташнишон ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд. Дар ҷои ҳодиса кормандони мақомоти қудратӣ фаъол ҳастанд.