ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси иттилои пешакӣ ҳамаи ҳамлагарон ба дидбонгоҳи марзӣ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ӯ тасдиқ кард, ки миёни кушташудаҳо ва боздоштшудаҳо занҳо низ ҳастанд.
“Айни ҳол таҳқиқ аз ҷониби Додситонии кул идома дорад. Дар назар аст, ки шахсияти ҳамаи аъзои гуруҳ пурра то охири рӯз мушаххас шавад”, - иттилоъ дод Умарҷони Эмомалӣ.
Дар мавриди реҷаи хидмати мақомоти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир, Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ҳолати саддарсадии омодабоши ҷангӣ эълон нашудааст. Ӯ афзуд, ки тадобири амниятӣ таҳким ёфтаанд, мақомот, на дар ҳолати гӯем садфоизаи омодабош, балки 50 дарсадӣ хидмат бурда истодаанд.
Қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, ки шаби 06-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод” ҳамла карданд, ҳама аъзои “ДОИШ” буда, шаби 3-юми ноябр аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шудаанд.
Ҳабдаҳ кушта: ҳамла ба дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон-акс
ВУД иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи амалиёт 15 узви гуруҳи мусаллаҳи ҳамлагар кушта, 4 автомашинаи онҳо нобуд карда шуд. Боқимонда 4 нафар аъзои гурӯҳ ба ҷониби деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фирор намуданд, ки дастгир шудаанд.
Мақомот иттилоъ доданд, ки зимни амалиёти муташаккилона 1 нафар хизматчии Қушунҳои сарҳадӣ ва 1 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расиданд.