Осеб дидани беш аз 3500 сокинони вилояти Хатлон аз дасти сагҳои дайду

Дар 10 моҳи соли равон 3 ҳазору 512 нафар сокини вилояти Хатлон аз сагҳои дайду осеб дидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳолат зиёд будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов сокини 49-солаи ноҳияи Вахш Маҳмадҷон Мирзоев ахиран дар пайи  осеб дидан аз саги дайду ба ҳалокат расидааст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”. 

Пошхӯрии оилаҳо дар Хатлон рӯ ба афзоиш аст

Бино бар иттилои манбаъ, пас аз хамлаи саг Маҳмадҷон Мирзоев ба бемории ҳорӣ гирифтор шуда, билохира вафот кардааст.

Хоҳари фавтида Тиловат Мирзоева ба сомонаи “Фараж” таъкид намудааст, ки бародари ӯро як саги дайду моҳи июн дар манзили истиқоматиааш газида будааст.

“Ҳарчанд доруву дармони лозимиро гирифтааст, аммо  вазъаш беҳ нашуда, рӯзи 31 октябри соли равон вафот кард”, - зикр намудааст Тиловат Мирзоева.

Дар ҳамин ҳол, Икром Барфаков, муовини сардори назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон қайд намудааст, ки давоми 10 моҳи соли равон  дар вилояти Хатлон 3 ҳазору 512 нафар аз ҳайвонҳо осеб дидаанд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳолат зиёдаст.

“Осебдидагон бештар аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз, Дустӣ, Шамсидин Шоҳин, Ҳамадонӣ ва Ховалинг  мебошанд”,- зикр кардааст вай

Тавре манбаъ навиштааст, сокинони вилояти Хатлон аз зиёд шудани сагҳои дайду дар кӯчаву хиёбонҳои  шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори нигаронӣ намуда, аз масъулон хоҳиши безарар гардонидани онҳоро талаб доранд.