Беҳтарин пахтачин: писари раисҷумҳур нақшаи пахтаро иҷро кард

Вилояти Ахали Туркманистон, ки раҳбарии онро писари президенти ин кишвар Сардор Бердимуҳаммадов бар зимма дорад, нахустин шуда, нақшаи ҳосили пахтаро иҷро кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Тоҷикистон” Сардор Бердимуҳаммадов писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ахиран дар назди падара дар бораи иҷрои нақшаи давлатии пахта гузориш дод.

Президенти Туркманистон писарашро раиси вилояти Аҳал таъйин кард

Бино бар гузоришҳои бархе расонаҳо ҳукумати Туркманистон нақшаи давлатии ҳосили пахтаро имсол дар ин кишвар иҷро нахоҳад кард. Вале, дастур шудааст, ки вилояти Ахал ба раҳбарии Бердимуҳаммадови хурдӣ бо ҳар роҳе бояд нақшаи пахтаро иҷро кунад.

Расонаҳо ҳанӯз моҳи августи соли равон хабар дода буданд, ки ба мансабдорон ва раисони вилоятҳо дастур шудааст, барои иҷро шудани нақшаи пахтаи вилояти Ахал кумак кунанд. Дар пайи ин дастур интиқоли пахта аз навоҳии дигари Туркманистон ба Ахал оғоз ёфт.

Ёдрас мешавем, нақшаи давлатии ҳосили гандумро имсол низ вилояти таҳти раҳбарии писари президенти Туркманистон нахустин шуда иҷро кард.

Сардор Бердимуҳаммадови 37-сола ягона писари президенти Туркманистон аст. Тайи ду соли ахир ӯ вакили порлумон интихоб шуда, дар Вазорати умури хориҷии Туркманистон мансабҳои баландро дар ихтиёр дошт. 5 моҳ пеш раиси вилояти Ахал таъйин гашт.