Эълони ҳолати омодабош дар Тоҷикистон баъди ҳамлаи хунин дар Рӯзи Конститутсия

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, баъди ҳамлаи хунин дар Рӯзи Конститутсия дар кишвар ҳолати омодабош эълон гардида, тадобири амниятӣ дар ҷумҳурӣ таҳким бахшида шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, феълан тамоми мақомоти ҷумҳурӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд ва таъкид намуд, ки таҳкими тадобири амниятӣ дар чунин ҳолатҳо маъмулӣ мебошад.

Ҳабдаҳ кушта: ҳамла ба дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон-акс

Сокинони Душанбе мегӯянд, дар пойтахт маъмурини мусаллаҳ ба чашм мерасанд, дар даромдагоҳҳо ва нуқтаҳои асосии пойтахт назорат бештар шуда, мошину мусофиронро санҷиш мекунанд.  ВУД пурзӯр кардани чораҳои амниятиро дар чунин ҳолатҳо падидаи муқаррарӣ гуфт.

Умарҷони Эмомалӣ таъкид намуд, ки феълан тафсилоти ҳамлаи хунин ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистонро гуруҳи муштараки иборат аз кормандони мақомоти умури дохилӣ, амнияти миллӣ ва додситонии кул таҳқиқ доранд.

Ахиран ВУД хабар дод, ки шаби 6 ноябри соли 2019 соати 03:23 дақиқа гурӯҳи мусалаҳи номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и "Ишқобод"-и қисми ҳарбии отряди "Султонобод" ҳуҷум карданд. Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишони (АКМ)-ро тасарруф намуданд. 

Шашуми ноябр - Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон

Манбаъ афзуд, дар натиҷаи дунболагирӣ ва амалӣ намудани амалиёт 15 нафар аъзои ҷинояткори мусаллаҳ безарар гардонида шуда, 4 автомашинаи онҳо нобуд карда шуд. Боқимонда 4 нафар аъзои гурӯҳ ба ҷониби деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фирор намуданд, ки дастгир шудаанд.

ВУД таъкид кард, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои муташаккилона 1 нафар хизматчии Қушунҳои сарҳадӣ ва 1 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расид.

ВУД инчунин акси мошинҳо ва ҷасадҳои сӯхтаро нашр кардаст, ки дар он ҷасади як зан низ ба чашм мерасад.