Дар Душанбе “Ҳафтаи филмҳои русӣ” баргузор мегардад

Аз 16-ум то 20-уми ноябри соли равон дар толори синамои "Зебунисо"- и шаҳри Душанбе "Ҳафтаи филмҳои русӣ" баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Чорабинии фарҳангӣ дар Тоҷикистон  бо ташаббусу дастгирии Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия, ҶДММ "ФЕСТСИНЕМА" ва Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон баргузор мегардад.

Созишномаи навбатии Тоҷикистону Чин баҳри рушди ҳамкорҳо дар соҳаи синамо имзо шуд

Гуфта мешавад, ҶДММ "ФЕСТСИНЕМА" бо роҳбарии Сергей Лос "Ҳафтаи филмҳои русӣ"-ро аллакай дар чандин давлатҳои узви ИДМ барпо кардааст. Дар Душанбе низ дар доираи ин чорабинӣ вохӯрии эҷодӣ бо синамогарони машҳури рус ва намоиши шаш филми русӣ дар назар аст.

Филмофарони рус ба бинандаҳои тоҷик филмҳои навро, ки мақоми баланди фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доранд, намоиш хоҳанд дод. 

Даҳшат: ситораҳои эстрадаю синамо чӣ гуна мебуданд, агар нашъаманд мешуданд - видео

Ба ҳайати расмӣ ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи халқии Русия Наталя Гвоздикова, коргардон ва муаллифи филми “Замоне дар Трубчевск” Лариса Садилова, продюсери филми “Замоне дар Трубчевск” Рустам Аҳадов, ҳунарпешаи филми “Ин доимӣ нест” Яна Ёсипович, продюсери филми “Ин доимӣ нест” Катерина Михайлова, ҳунарманди филми “Керосин” Валерий Маслов, модератори мизи мудаввар ва нишасти матбуотӣ Даря Борисова ва директори генералии ҶДММ “ФЕСТСИНЕМА” Сергей Лос дохил мешаванд.