ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Қарордоди Тоҷикистону Русия дар мавриди густариш додани ҳамкориҳо дар соҳаи туризм, ки апрели соли равон ба имзо расида буд, ҳамакнун ҳукми қонунӣ гирифт.
Дар матни қарордод гуфта шудаст, ки Тоҷикистону Русия, ба хотири ошно намудани шаҳрвандон бо дастовардҳо дар соҳаи илму иҷтисод, фарҳангу табиат ва ҳамзамон муҷассамаҳои таърихӣ ва анъанаҳои қадимии мардум, бахши туризмро густариш медиҳанд.
Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид
Гузашта аз ин ҷонибҳо, барои тарғиби хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ ба монанди Роҳи абрешим ва дигарҳо, тавассути конфронсу форумҳо ва семинару намоишгоҳҳо мусоидат хоҳанд кард.
Қайд мегардад, ки масъулияти иҷрои ин созишнома ба зиммаи Агентии федеролии сайёҳии Русия ва Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон вогузор гардидааст.
Савори қутос: хатсайри нави гардишгарӣ дар Мурғоб
Ин қарордод ба мӯҳлати 5 сол баста мешавад ва ба таври худкор ба муддати панҷ соли минбаъда тамдид карда мешавад, агар ягон тараф тарафи дигарро дар шакли хаттӣ дар бораи нияти қатъ кардани он огоҳ накунад.