ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ҳукумати Туркия хоҳарбузурги роҳбари гуруҳи террористии "ДОИШ"- ро боздошт намудаст, хабар медиҳад агентии Ассошиэйтед Пресс.
Бар хабари манбаъ, хоҳари 65 - солаи Бағдодӣ рӯзи душанбе ҳамроҳи ҳамсар, панҷ фарзанд ва келинаш дар музофоти Алеппо, қисмати шимолии Сурия боздошт гардид.
Башор Асад ба қатли Бағдодӣ бовар надорад
Манбаъ меафзояд, ки "боздошти Расмия Авад ҳамчун "минаи тиллоӣ" барои иктишоф аст. Он чизе ки ӯ дар бораи гурӯҳи ДОИШ медонад, метавонад фаҳмиши моро дар бораи онҳо густариш диҳад ва бо кӯмаки вай шумораи зиёди бадкирдорҳоро боздошт намоем".
Зикр мегардад, ки ҳамроҳи хоҳарбузури Абубакр Бағдодӣ ҳамчунин ҳамсараш, панҷ фарзанд ва келинии ӯ боздошт гардид.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27 - уми октябр, раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп аз маҳв шудани роҳбари ДОИШ Абудакр Бағдодӣ хабар дод.
Пентагон навори амалиёт бар зидди Бағдодиро ифшо кард - навор
Ба иттилои Трамп, Бағдодӣ аснои амалиёти ҳавоӣ - заминиӣ низомиёни амрикоӣ кушта шуд. Хабари фавти Бағдодиро саркардаҳои ин гурӯҳи террористӣ низ тасдиқ намуданд.