ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин шартҳои нави Русия барои содироти нафт ба Тоҷикистонро имзо кард.
Суратмаҷлиси ислоҳи созишномаи миёни Тоҷикистону Русия бораи содироти маҳсулоти нафтӣ тасдиқ гардид. Ҳуҷҷати мазкур дар торномаи иттилоотии расмии Русия нашр шудааст.
Суратмаҷлисе, ки аз ҷониби Думаи давлатии Русия имзо шудааст, масъалаи ҳисоботи содироти маҳсулоти нафтиро ба Тоҷикистон дақиқ мекунад.
Дар баробари ин мувофиқи ҳуҷҷати ҷадид Тоҷикистон вазифадор аст, пешниҳоди худро оиди арзи нафт дар кишвар пеш аз 1 сол ба Русия равон кунад.
Дар баробари ин Тоҷикистон бояд оиди баланси нӯҳмоҳа ба Русия гузориш равон кунад.
Громов: сабукиҳо дар андозбандӣ метавонад “Газпром”-ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунад
Тибқи санади мазкур маҳсулоти нафтӣ тариқи имтиёз бидуни боҷи гумрукии Русия ба Тоҷикистон содир мешавад, ғайр аз маҳсулоте, ки тариқи нақлиёти гуногун бо истифода аз лӯлаи нафтгузар, кор мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки созишнома дар бораи содироти бо имтиёзи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон моҳи феврали соли 2013 ба имзо расида буд. Тағйиру иловаҳо ба шартномаи мазкур 17 апрели соли 2019 ворид карда шуда буд.
Русия солона то як миллион тонна маҳсулоти нафтиро бе гирифтани боҷи гумрукӣ дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад.
Дар ин созишнома гуфта шудааст, ки Тоҷикистон ҳақ надорад, ин миқдор маҳсулоти нафтии бе боҷи гумрукиро ба кишвари севум, аз ҷумла Афғонистон, интиқол диҳад. Вагарна Маскав иҷрои ин созишномаро якҷониба қатъ хоҳад кард.
Тағйиру иловаҳои навбатӣ дар санади мазкур муҳлат ва пешниҳоди бозхонди мувақаттӣ ё пурраи санади гумрукиро муайян менамояд. Инчунин, санади мазкур пардохти ниҳоиро дар сурати анҷом ёфтани муҳлате, ки дар протокол зикр шудааст, нишон медиҳад.