Тағйироти кадрӣ: барканории 11 генерал аз ВКД, КҲФ ва Кумитаи тафтишот

Президенти Русия Владимир Путин дар бораи барканории вазифадорони мақомоти қудратӣ қарор баровард. Ёздаҳ генерал сабукдӯш шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Владимир Путин президенти Русия якқатор генералҳои Кумитаи тафтишот, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаро сабукдӯш кард.

Ҳамин тавр, раҳбари Вазорати корҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Карачаева - Черкесия, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Тюмен, сардори Кумитаи тафтишотии Сарраёсати идораи Кумитаи тафтишот аз ввазифаҳояшон маҳрум шуданд.

Дар умум аз КҲФ шаш генерал, вз Вазорати умури дохилӣ - чаҳор генерал ва вз Кумтаи тафтишотӣ  - як генерал аз кор ронда шуданд.

Тағйироти кадрӣ: раисҷумҳур беш аз 30 корманди баландрутбаи амниятиро аз вазифа озод кард

Ҳамчунин Путин бо имзои қарор, муовини сардори Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва муносибот бо ҳукумат, Александр Мелников, ки айни замон таҳти тафтишот қарор дорад, аз вазифа сабукдӯш кард.

Тағйироти кадрӣ: раисҷумҳур беш аз 30 корманди баландрутбаи амниятиро аз вазифа озод кард

Мелников ба ҷурми талоши азхуд кардани маблағи калон дастгир шудааст. Ҷабрдида Панюшкин барои қатъ кардани парвандаи ҷиноие, ки ӯ дар он гумонбар аст, ба Мелников 100 миллион рубли русӣ додааст.

Дар паи амалиёти вижа зимни супоридани маблағ ба муовини сардор, ки 50 дарсади маблағ қалбакӣ будаааст, Мелников ва ду каси дигар дастгир шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 7- уми сентябр, бо тасвиб намудани қарори №425, як қатор кормандони баландрутбаи амниятиро аз курсиҳои ишғолкарда маҳрум кард.