300 гектар замин ба Узбакистон!? Гап сари чист?

Манобеъи “Sputnik” дар Тоҷикистон мегӯянд, сухан дар бораи табодул меравад, на фурӯш ё таслими ройгони замин ба Узбакистон
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Қаблан сомонаи "Фараж" аз қавли манобеъи худ хабар дода буд, ки Тоҷикистон аз ҳудудҳои ноҳияи Мастчоҳ 300 гектар заминро, бино ба созишномаи таъйин ва аломатгузории марзҳо, ба Узбакистон таслим хоҳад кард.

Манбаъи сомона гуфтааст, ин замин кони тилло дорад ва 10 рӯз аст, ки комиссияи байниҳукуматии ду кишвар баҳс мекунанд. Ба қавли манобеъи "Фараж", ҷониби Тоҷикистон ба тарафи Узбакистон пешниҳод кардааст, ки замин аз ҳудудҳои ноҳияи Зафаробод дода шавад.

Ин фурӯшу додани қарз нест: ҳукумат ироаи кони "Якҷилва" ба Чинро шарҳ дод

Бино ба иттилои расмӣ, дар қарибии деҳаи Оби Шифои ҷамоати "Навбаҳор" - и ноҳияи Масчоҳ яке аз конҳои тилло ва дигар маъданҳои “Даштӣ” ва “Бургунда” мавҷуданд, ки ихтиёри кашф, коркард ва истихроҷашон аз соли 2011 ба ин сӯ ба ширкати Тоҷикистону Канада - "Апрелевка" вогузор шудааст. 

Аз сӯи дигар, бархе дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ин хабарро фурӯши замини Тоҷикистон ба Узбакистон арзёбӣ карданд. 

Ҷамшед Умарзода, раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Суғд дар тамоси телефонӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар шарҳи ин мавзӯъ чизе гуфта наметавонад, зеро баррасиҳои ҷонибҳо идома дорад ва ҳамин ҳоло худи ӯ дар толори музокирот аст.

Як манбаъи огоҳ аз баҳсҳо дар ноҳияи Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баҳс сари 300 гектар замин нест, балки гап дар бораи обанбори Олмалик, ки дар ҳудуди Мастчоҳ ҷойгир аст, меравад.

Ба қавли ӯ, тибқи тавофуқҳои ибтидоии қаблӣ, ин обанбор бояд ба ҷониби Узбакистон таслим дода шавад. Вай афзуд, дар ҳоли пазируфта шудани ин пешниҳод бар ивази ин обанбор як деҳаи тоҷикнишини Узбакистон, воқеъ дар марз бо ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба Тоҷикистон хоҳад гузашт. 

Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ба ҳол ҳеҷ баррасие дар ин бора сурат нагирифтааст ва дар умум, ин масоил ба салоҳиятҳои ҳукумати марказӣ дар Тоҷикистон дохил мешавад.