Таркиши 6 бомб дар наздикии масҷид дар вилояти Логари Афғонистон

Расонаҳои афғон аз таркиши 6 бомб дар назди як масҷиде дар вилояти Логар дар шарқи ин кишвар хабар доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Parstoday”, манобеи афғон эълом карданд ин бомб асри шанбе дар муқобили вурудии масҷиди ҷомеи Абдуллоҳ ибни Масъуд дар ин вилоят таркидааст.

Дар Шарқи Афғонистон 10 нафар қурбони таркиш гардиданд

Аз талафот ва хисоратҳои эҳтимолии ин таркишҳо ҳануз гузорише мунташир нашудааст.

Минтақаҳои мухталифи Афғонистон аз ҷумла вилояти Логар дар моҳҳои ахир шоҳиди афзоиши ҳамалот ва таркишҳои террористӣ будааст.

Афзоиши ноамниҳо да Афғонистон муҷиби эътирози мардуми ин кишвар шудааст.

Гуруҳи террористии ДИИШ ва ҳамчунин гуруҳи Толибон то кунун масъулияти ағлаби ҳамалот ва таркишҳои террористиро дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон бар уҳда гирифтаанд.

Афзоиши ноамнӣ ва фаолияти гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон дар ҳолест, ки Амрико ва муттаҳидонаш аз соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон дар ин кишвар ҳузур доранд.

Бар асоси эъломи мақомоти Кобул, ҳузури амрикоиҳо дар Афғонистон танҳо муҷиби афзоиши ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар шудааст.