ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ҳамлагари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашев бо дастаи бангладешӣ созишнома ба имзо расонд, иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Акнун ҳамлагари 25-сола дастаи “Хуҷанд”-и Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашев бозигари дастаи "Саиф Спортинг Клуб"-и Бангладеш ба ҳисоб меравад.
Футболбоз бо дастаи "Саиф Спортинг Клуб" шартномаро ба имзо расонд. Бояд қайд кард, ки тими мазкур соли гузашта дар чемпионати кишвар ҷои чаҳорумро ишғол намуда буд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар тими ҷадид Ҷаҳонгир Эргашев зери рақами 62 бозӣ хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки дар моҳи сентябри соли равон Манучеҳр Аҳмадов капитани тими “Хуҷанд”низ дастаро тарк кард. Бино бар иттилои баъзе аз расонаҳои хабарӣ вай тасмим гирифтааст бо тими футболи Ал-Насри Оман ҳамроҳ шавад.
Инчунин бояд қайд кард, ки футболбози дигари тоҷик Комрон Турсунов ахиран ба Ҳоланд рафт ва дар ҳайати тими “Утрехт” бозӣ дорад.