Дар Душанбе нисбати ду шаҳрванди Черногория барои қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд

Додситонии шаҳри Душанбе нисбати ду шаҳрванди Черногория, ки дар қаллобӣ ва расонидани зарар ба беш аз 4 миллиону 700 ҳазор сомонӣ айбдор мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати куорҳои дохилаи Тоҷикистон, нисбати ду шаҳрванди Черногория, ки дар Тоҷикистон даст ба қаллобӣ задаанд, Додситонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Қаллоби ноинсоф аз Данғара: 26 000 доллари модаронро гирифту гуфт писаратонро озод мекунам

Бино бар иттилои манбаъ, ин ду шаҳрванди Черногория бозиҳо бо бурди пулӣ ташкил намуда, ба ҷабрдидагон 4 792 059  сомонӣ зарар расонидаанд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ахиран ба ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе се сокни пойтахт муроҷиат намудаанд, ки моҳи сентябри соли равон шаҳрвандони Черногория, мардони 55 ва 59-сола, дар кӯчаи Бухоро назди бинои автоматҳои бозии “Бинго-37” ҶДММ “Инвест Лото”, бозиҳо бо бурди пулӣ ташкил намуда, ба ҷабрдидагон 4 792 059 сомонӣ зарар расонидаанд. 

“Нисбати гумонбаршудагон шаҳрвандони Черногория аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 247 ва 240 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда”, - таъкид намудааст ВКД Тоҷикистон

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки кормандони милитсия нисбати ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.