ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Футболбозони навраси Тоҷикистон пас аз мағлуб шудан аз тими Испания, имрӯз барои бозии навбатии худ шурӯъ намуданд. Мунтахаби наврасони тоҷик дар даври сеюми гурӯҳи "Е" бо дастаи ҷавонони Аргентина вориди майдон шуданд.
Бояд гуфт, ки пас аз ду даври мусобиқа дар гурӯҳи "Е", мунтахабҳои наврасони Испания ва Аргентина, ки ҳар кадоме 4 имтиёзӣ доранд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро бошад, барои ба бозиҳои плей-оффи мусобиқа баромадан дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ муқобили Аргентина мусовӣ ҳам қаноат мекунонад.
Ин вохӯрӣ рӯзи якшанбе, 3 ноябр, соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 01:00-и санаи 4-уми ноябр ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи "Estаdio Klеber Andrade" дар шаҳри Кариасики Бразилия оғоз шуд.