Супориши Президент барои ташкили боз як минтақаи озоди иқтисодии дигар

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, ки дар кишвар, дар қисмати навоҳии тобеи марказ як минтақаи озоди иқтисодии дигар таъсис дода шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ҳафтаи равон зимни қабули низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”, вакилони парлумон ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар навоҳии тобеи марказро ба миён гузоштанд.

Муовини вазир: дар МОИ “Кӯлоб” 4 ҳазор сокини шаҳр бо кор таъмин мешаванд

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, аз масъалагузории вакилон истиқбол карда, иттилоъ дод, ки бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ дар навоҳии тобеи марказ мавриди баррасӣ қарор дорад.

“Ҳукумат ба омӯзиши масъала машғул аст, дархостҳо баррасӣ мешаванд”, - изҳор дошт вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Феълан дар Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ – “Ишкошим”, “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Кӯлоб” фаъолият доранд.

Ширкати чинӣ дар МОИ “Кӯлоб” корхонаи нассоҷӣ бунёд мекунад

Бар асоси омори расмӣ минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” ва “Данғара” аз рӯи ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳо пешсаф буда, фаъолияти ду минтақаи дигар – “Ишкошим” ва “Панҷ” беҳбудӣ мехоҳад.

Ахиран мақомоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки иркати “Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп ИНК (СИНОКОНСТ)”-и Чин дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Маҷмааи корхонаҳои нассоҷии “Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк”-ро бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ду марҳила барои коркарди нахи пахта дар шаклҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ сохта ба истифода хоҳад дод.