Нигораи 12 - сола дар топ - 9 ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон - видео

Ҳамагӣ як сол мешавад, ки Нигора Ашраповаи 12 - сола ба роботатехника машғул аст, вале дар ин муддати кӯтоҳ тавонист дар нӯҳгонаи беҳтарин ихтироъкорони Тоҷикистон ҷой гирад
Sputnik

Нигора Ашрапова роботҳоеро месозад, ки метавонанд вазифаҳои вижаеро иҷро кунанд. Ҳамроҳ бо дӯстони худ ихтироъкори ҷавон мудели нақлиёти ҷамиъятии бесарнишинро ихтироъ кардааст. Навоварии онҳо дар дар даври миллии Олимпиадаи ҷаҳонии роботҳо мақоми сеюмро гирифт.

Муҳандис-соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд дастгоҳи кулолгарӣ ихтироъ кард

Ҳамагӣ як сол мешавад, ки Нигора Ашрапваи 12 - сола ба роботатехника машғул аст. Дар мактаб фанни дӯстдоштаи ӯ алгебра аст. Ӯ метавонад дар муддати чанд сония ба саволи муаллим посухи дуруст диҳад.

Дар вақти холии худ Нигора ба бозии теннис машғул мешавад. Ба гуфти ӯ варзиш барои қабули қарорҳои саивақтӣ ба ӯ кӯмак мекунад.

Чор моҳ мешавад, ки Нигора машқи теннис мекунад, вале аллакай дар сабқатҳо ширкат кардааст.

Феълан Нигора ба олимпиадаи ҷаҳонии роботҳо, ки дар Венгрия аз 8 - 10 ноябр баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Барои санҷиши роботтҳои сохтаи худ ба ин сабқати зеҳнӣ 70 ҳазор кӯдакон аз 65 кишвари дунё ҷамъ меоянд.