Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати Арарат Мирзоян ба Арманистон меравад

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба Арманистон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СПАД сафар хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Парлумони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар бо даъвати Арарат Мирзоян, раиси Маҷлиси миллии Арманистон аз 3 то 6 нобяри соли равон ба Ҷумҳурии Арманистон сафарӣ расмӣ анҷом хоҳад дод.

Зуҳуров ба мақомот: барои пайвастани афвшудагон ба зиндагии комил чораҳои дахлдор андешед

Тавре манбаъ қайд намудааст, Шукурҷон Зуҳуров даъвати Раиси Маҷлиси миллии Арманистон  Арарат Мирзоянро пазируфт.

“Барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз 3 то 6 ноябр ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Арманистон сафар менамояд”, - таъкид намудааст манбаъ. 

ТМанбаъ зикр намудааст, ки зимни сафари расмӣ Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси  миллии Арманистон  Арарат  Мирзоян ва дигар шахсони расмӣ мулоқот анҷом хоҳад дод.

Ҳамзамон вай дар кори ҷаласаи  Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок хоҳад кард.