Пахши садои азон аз баландгуҳои масҷидҳо дар Узбакистон манъ шуд

Ҳукумати Узбакистон пахши садои азон аз баландгуҳои масҷидҳоро мамнуъ кард. Мақомот иллати ин тасмимро шикояти сокинон эълом кардааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар Узбакистон ,ки пас аз марги Ислом Каримов раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар дар соли 2017 иҷозаи пахши садои азон аз баландгуҳои масҷидҳо содир шуда буд ,вале дубора ба ин марказҳои ибодӣ дастур додаанд ,ки аз ин кор худдорӣ кунанд.

Исломгароӣ дар Осиёи Марказӣ: хаёле хом ё нерӯе созанда

Ба нақл аз хабаргузории “Parstoday”, ахиран Аббос Асад яке аз фаолони ҷомиъаи мазҳабии Узбакистон эълом кардааст ,ки 5 рӯз пеш бар асоси дастури хатиби масҷиди марказии вилояти Намангон пахши садои азон аз баландгуҳои масҷидҳои ин минтақа мамнуъ шуд.

Ҳамчунин мақоме аз идораи умури мусалмонони Узбакистон бе он ,ки номаш фош шавад гуфт, ин идора ба масҷидҳои вилоятҳои Тошкант, Фарғона, Намангон ва Андиҷон дастур додааст, ки аз пахши садои азон аз баландгуҳои ин марказҳои ибодӣ худдорӣ кунанд.

Вай иллати ин тасмимро шикояти сокинони ин вилоят ва шаҳри Тошкант эълом кардааст ,ки ба иддаои онон садои баланди азон  муҷиби нороҳатии ин афрод мешавад. Хабаргузории Коннюз таъкид кардааст ,ки дастури катбии Шавкат Мирзоев раиси ҷумҳурии Узбакистонро аз санаи 4 сентиябри имсол дар ихтиёр дорад ,ки аз вазорати беҳдошти ин кишвар хоста шуда то чӣ андоза зараровар будани садои баланди азон барои саломатии инсонро баррасӣ кунад.

Бархе аз коршиносони мустақил бо ишора ба иқдомҳои мақомоти Узбакистон дар мавриди сахтгирӣ ба ҳиҷоби исломии бонувон ва мамнуъияти пахши садои азон аз баландгуҳо муътақиданд ,ки ин кишвар дар роҳи бозгашт ба сиёсатҳои исломситезии даврони Ислом Каримов қарор гирифтааст.