Оғози ҷаласаи навбатии сарони ҳукумати СҲШ дар шаҳри Тошканд

Имрӯз дар пойтахти Узбакистон шаҳри Тошканд ҷаласаи сарони ҳукумати кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оғоз шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар пойтахти Узбакистон Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонҳой (СҲШ) иштирок дорад.

Норов раисиҷумҳури Тоҷикистонро аз асосгузорони СҲШ хонд

Бино бар иттилои хабаргузории РИА Новости Русияро дар ин ҷаласа роҳбари ҳукумати ин кишвар Дмитрий Медведев муаррифӣ мекунад.

Чанде пеш ӯ вориди пойтахти Узбакистон шуд ва бо раисҷумҳури ва нахуствазири Узбакистон дидору мулоқот анҷм дод. Инчунин Дмитрий Медведев бо Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон ва нахуствазири Чин Ли Кэтсян мулоқот анҷом дод.

Дар ҳамин ҳол, дар доираи кори ҷаласа Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ баргузор мекунад.

Дирӯз Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дидору гуфтугӯ кард.

Зимни мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбакистон баррарӣ шуданд.

Бо мақоми вижа: Ализода дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсозони СҲШ ширкат кард

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Тошканд тарафҳо густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилро бо мақсади ҳалли масоил доир ба ташаккули иқтисоди ҷаҳонии боз ва таҳкими низоми бисёрҷонибаи савдо, ки ба қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат асос ёфтааст, баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ҷаласа инчунин амалисозии барномаи Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту энергетика, саноат, молия, бахши кишоварзӣ, гумрук, телекоммуникатсия ва ғайра табодули назар мекунанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа тасдиқи регламенти консорсиуми марказҳои таҳлили иқтисодии СҲШ, имзои Тафоҳумнома байни котиботи СҲШ ва Созмони ғизо ва кишоварзии СММ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ба ҳайати СҲШ Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон шомил мебошанд ва Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд.