Кишварҳои узви СҲШ ба Афғонистон барои мубориза бар терроризм кумак хоҳанд кард

Дар ҷаласаи навбатии сарони ҳукумати Созмони ҳамкории Шанхай масъалаи расонидани кумак ба Афғонистон матраҳ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Намояндагони кишварҳои узви СҲШ дар Узбакистон масъалаи терроризм дар Афғонистон ва таъсири манфии он ба иқтисоди ин кишварро баррасӣ намуданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Масъалаи аз буҳрони иқтисодӣ берун кашидани Афғонистонро нахуствазири Русия Дмитрий Медведев дар миён гузошт.

Бо даъвати Медведев: сарони СҲШ ба Маскав мераванд

“Мо бояд дар бораи лоиаҳои мушаххасе, ки метавонад ба иқтисоди Афғонистон бедор кунаду ва ин кишварро аъзои фаъоли ҷараёни сиёсиву иқтисодӣ дар митақа созад, фикр кунем”, - гуфт Медведев дар ҷаласаи навбатии сарони ҳукумати кишварҳои узви СҲШ.  

Инчунин, нахуствазири Русия илова кард, ки суботро дар минтақа метавон танҳо бо иштироки фаъоли тамоми кишварҳои узв таъмин намоем.

“Терроризми байналмилалӣ ба тамоми кишварҳои мутараққӣ хатар эъҷод кардааст. Мо бояд бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадаматоҳои мухобиротии кишварҳои узви ин созмон ҳамкории зич дошта бошем” , таъкид кард Медведев.

Пешниҳоди нахуствазири Русияро Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон дастгирӣ кард. вай гкфт СҲШ метавонад як барномаи минтақавиеро таҳия намояд, ки ба афғонистон барои мубориза бо терроризм кумак хоҳад кард.

Абдулло Абдулло, илова кард, ки фаъолияти террористон дар Афғонистон миёни мардуми оддӣ қурбонии зиёдеро бар ҷой овардааст ва  инфрасохторҳои ин кишварро комилан хароб шудаанд.