ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Қаҳрамонии ҷаҳон-2019-ро бо мағлубият анҷом доданд.
Дар ин рақобат футболбозони тоҷик аз тими рақиб бо ҳисоби калони 5:1 шикаст хурданд.
Довари бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Испания муайян шуд
Дар айни ҳол яккачни Испания бо касби 4 хол дар зинаи якум ва мунтахаби Тоҷикистон бо дарёфти 3 имтиёз дар зинаи дуюм қарор доранд. То ҳол аз гурӯҳи "Е" ба даври плей-офф ягон мунтахаб роҳ наёфтааст. Тақдири баромадани мунтахабҳо аз ин гурӯҳ танҳо дар даври охир муайян мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон низ барои роҳ ёфтан ба даври 1/8 ниҳоӣ имкони хуб дорад.
Навори пирӯзии зебои мунтахаби Тоҷикистон бар тими Камерун
Дар бозии сеюми гурӯҳ футболбозони тоҷия санаи 4-уми ноябр соати 01:00 бо вақти Душанбе бо тими миллии Аргентина рақобат мекунанд.