ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 31-уми октябри соли равон, тахминан соати 13:10-дақиқа дар роҳи мошингарди Душанбе - Кӯлоб рух додаст.
Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Газел", Саидов Даврон Музаффарович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ, бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ дар роҳ ҳаракат намуда, ки сабабгори сар задани садамаи маргбор шуд.
Номбурда аснои ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, аз уҳдаи идора воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" бархӯрдаст.
Садамаи маргбор дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”: ронандаи “ВАЗ-2106” ба ҳалокат расид
Сари чамбари ин автомашина Расулов Хиради 30 - сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ қарор дошт.
ВУД тавзеҳ медиҳад, ки дар натиҷаи садама, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Расулов ва мусофиронаш: Ҳабибуллоев Мазории 32 - сола, сокини ноҳияи Ховалинг, Ҷӯраев Нуриддини 31 - сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва як мусофири дигари автамашинаи мазкур марди тахминан 25-30-сола, шахсияташ номаълум дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Гузашта аз ин, мусофири дигари автомашинаи тамғаи "Опел-Вектр"”, Шарифов Маҳмадшарифи 26 - сола, сокини ноҳияи Вахш ва ронандаи автомашинаи тамғаи "Газел", Саидов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.