Боз беш аз 700 нафари дигар аз зиндонҳои шаҳри Бохтар ва ноҳияи Дӯстӣ озод шуд

Аз муассисаи ислоҳӣ ва тафтишотии шаҳри Бохтар 30 маҳкумшуда ва аз муассисаи ислоҳии сукунатии ноҳияи Дӯстӣ 695 маҳкумшуда озод шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Имрӯз, 1 ноябр, аз муассисаи ислоҳӣ ва тафтишотии шаҳри Бохтар 30 маҳкумшуда дар доираи татбиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи афв” озод карда шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

Афв идома дорад: аз муассисаҳои ислоҳӣ дар ноҳияи Ёвону Норак 970 маҳбас озод шуд

Бино бар иттилои манбаъ, Давлат Тағоев, ёрдамчии прокурори назораткунандаи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Хатлон гуфт, ки миёни маҳбусони озодшуда 18 нафар аз бинои тафтишотӣ, 5 нафар аз бинои маҳкама ва 7 нафар аз хоҷагии ёрирасон ба хонаҳои худ баргаштанд.

“ Дар байни озодшудагон ду ноболиғ, як зан ва як марди 70-сола низ ҳастанд”, - таъкид намудааст вай.

Ҳамчунин аз муассисаи ислоҳии сукунатии ноҳияи Дӯстӣ низ имрӯз 695 маҳкумшуда озод шуданд.

Ёдрас мешавем, ки чанд рӯз қабл аз муассисаи ислоҳии воқеъ дар ноҳияи Ёвон дар доираи татбиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи афв” 805 маҳбус ба озодӣ баромад. Инчунин аз муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак 165 маҳкумшуда раҳо гардид.

Баъди қабули Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи афв” то 1 ноябри соли 2019 танҳо аз муассисаҳои ислоҳӣ ва тафтишотии вилояти Хатлон 1 ҳазору 691 маҳкумшуда озод гардиданд, ки миёни онҳо занон ва ноболиғон низ ҳастанд.

Манбаъ зикр намудааст, ки муҳлати амали Қонуни афв ду моҳ буда, он нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар шахсони маҳкумшуд, аз ҷумла ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон татбиқ карда мешавад.