Муроҷиати ВУД ба сокинони Душанбе: падарону модарон, фарзандони худро назорат кунед

ВУД Тоҷикистон аз падарону модарон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарон ва масъулини муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон хоҳиш намудааст, дар раванди пешгирии бо худ гардонидани корд ва дигар воситаҳои махсус аз ҷониби ноболиғону ҷавнон саҳми худро гузоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Роҳбарияти Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе аз сокинон хоҳиш намудааст, сокинон фарзандони худро пайваста таҳти назорат гиранд ва нагузоред, ки даст содир намудани ҷиноят ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ зананд.

Раёсати умури дохилӣ навори мусодира кардани силоҳ аз ноболиғону ҷавононро нашр кард

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.

Манбаъ дар муроҷиатномаи худ қайд намудааст, ки дорандаи “Ҷоизаи шаҳри сулҳ” Тоҷикистонро водор месозад, ки тавассути ҳамкории зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эътиноии фаврӣ ба ҳар як далели халалдор сохтани оромӣ, бо риояи ҳатмии “Маромномаи сокини пойтахт” ва дигар талаботи қоидаҳову меъёрҳои ҳуқуқӣ, дар таъмини тартиботи комили ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷомеа масъул бошем.

Ҳамин тавр ВКД таъкид намудааст, ки афзоиши содиршавии авбошиҳои гурӯҳӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон бо истифода аз корд ва дигар силоҳҳои сард, боиси нигаронии ҷиддии роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва сокинони пойтахт гардидааст.

“Натиҷаҳои баргузории амалиёти шартии “Корд” дар ҳудуди пойтахт нишон дод, ки новобаста аз баргузории чорабиниҳои профилактикӣ ва огоҳ кардани ҷавонону ноболиғон аз пайомадҳои вазнини муноқиша ва авбошиҳои бо истифода аз корду ашёҳои сард содиршаванда, ҳанӯз ҳам ноболиғону ҷавонон корду дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро бо худ мегардонанд”, - зикр намудааст ВУД.

Аз ин рӯ, Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе аз тамоми падарону модарон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарон ва масъулини муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, масъулини мақомотҳои дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори пойтахт эҳтиромона хоҳиш намудааст, ки дар раванди пешгирии бо худ гардонидани корд ва дигар воситаҳои махсус аз ҷониби ноболиғону ҷавнон саҳми худро гузоранд.

Заъфи тарбия ё эҳсоси хатар: чаро донишомӯзон мусаллаҳ мешаванд

Раёсати ВКД қайд намудааст, ки сокинон фарзандони худро пайваста таҳти назорат гиранд ва нагузоред, ки бо содир намудани ҷиноят ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ шаъну шарафи оиларо паст зада, ояндаи дурахшони хешро доғдор созанд.

“Пайваста дар санҷиши фарзандон бошед, то ки бидонед доираҳои дӯстони фарзандони Шумо кистанд. Зеро тибқи таҳлилҳои тафтишотӣ аксар вақт баҳсу нофамиҳои ночиз оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, махсусан ба содиршавии ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва одамкушӣ бо истифода аз корд оварда мерасонад, ки дар натиҷа чандин нафар ҷавонону наврасон маҳбасӣ мешаванд”, - зикр намудааст ВУД Тоҷикистон.