Дар Душанбе мушкилоти ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдоштаро баррасӣ мекунанд

Бо иштироки роҳбарон ва намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони бурунмарзӣ дар пойтахти Тоҷикистон Шӯрои навбатии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Рӯзи 8 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Шӯрои навбатии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” бо иштироки роҳбарон ва намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони бурунмарзӣ  баргузор мегардад.

Оғози Анҷумани ҷавонони тоҷикистонии таҳсилкунанда дар хориҷ

Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории Шӯро ин тақвияти кори маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”, ташаккул додани механизми фаъолияти кори маҳфил, баррасии дастоварду музаффариятҳои фаъолияти маҳфил дар соли 2019, натиҷагирӣ аз V – умин Анҷумани маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”, ки аз 12 то 16 августи соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид ва омодагӣ ба Шӯрои умумироссиягии маҳфил, ки дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскави Русия доир мегардад, унвон дода шудааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки маҳфили мазкур аз соли 2014 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон таъсис дода шуда, намояндагии маҳфил дар 16 давлати дунё фаъолият намуда истодааст.

Ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ: дар Душанбе фестивали донишҷӯёни хориҷӣ баргузор мегардад

Шӯрои навбатии маҳфил бо иштироки роҳбарон ва намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони бурунмарзӣ 8 ноябри соати 9:00 дар бинои Душанбе – плаза доир гардида, дар он намояндагони диаспораҳо аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия иштирок менамоянд.

Дафтари матбуоти кумитаи кор бо ҷавон ва варзиш таъкид намудааст, ки дар кори Шӯро роҳбарон ва намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони беш аз 25 минтақаи Русия иштирок хоҳанд кард.

Ҳамзамон дар кори Шӯро роҳбарони намояндагии маҳфил, аъзоёни фаъоли маҳфил тавассути онлайн ба кори Шӯро ҳамроҳ гардида, талифу пешниҳодҳо ва дархосту муроҷиатҳои худро баён менамоянд.