Аҳмадзода: дар Бӯстон масъалаҳои ҳалталаб зиёданду фаъолияти мақомот беҳбудӣ металабад

Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси виллояти Суғд зимни сафари кориаш ба шаҳри Бӯстон дар толори бинои мақомоти шаҳри Бӯстон қабули шаҳрвандонро баргузор намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, зимни қабули шаҳрвандон 15 сокини шаҳри Бӯстон бо масъалаҳои мухталиф ба Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд муроҷиат намуданд.

Нигаронии Файзов аз "шикоят" - и зиёди мардуми Ишкошим ба дастгоҳи Президент

Манбаъ таъкид намудааст, ки ҳадафи қабули шаҳрвандон ин баррасии масъалаҳои муҳими сокинон ва ҳалли саривақтии онҳо мебошад.

“Дар ҷараёни қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят 15 нафар  нафар сокинон бо масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, нарасидани оби нӯшокӣ,  таъмиру тармими иншооти иҷтимоӣ, кӯмаки моддию молиявӣ пазируфта шуданд”, - зикр намудааст манбаъ.

Ҳамани тавр, раиси вилоят аз қабули шаҳрвандон натиҷагирӣ намуда, ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳбарияти шаҳр супориш дод, ки ба ҳалли масъалаҳои шаҳрвандон эътибори зарурӣ дода, мушкилоти онҳоро сари вақт ҳал намоянд.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки дар давоми 9 моҳи соли равон ба мақомоти вилоят 171 нафар  сокинони шаҳри Бӯстон муроҷиат намудаанд.

Манбаъ қайд намудааст, ки ин рақам баёнгари он аст, ки дар шаҳр масъалаю муаммоҳои ҳалталаб зиёданду фаъолияти мақомоти ин минтақа ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар ин самт беҳбудӣ металабад.