ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Имшаб футболбозони то 17 солаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон бозии дуюми худро доир мекунанд.
Феълан ҳайти довароне, ки бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистону Испанияро ҳакамӣ мекунанд, муайян гардиданд.
Бар хабари сомонаи "Варзиш" бозии тими наврасони Тоҷикистону Испанияро ситоди доварон аз кишвари Салвадор бо роҳбарии Иван Бартон ҳакамӣ мекунанд.
Пеш аз бозӣ, шогирдони Зайниддин Раҳимов дар шаҳри Витория тамрини охирини худро барпо карданд. Ҳайати мунтахаби наврасони футболи тоҷик 30-юми октябр машқи охирини хешро пеш аз бозии даври дуюми гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон муқобили Испониё доир карданд.
Тамрини мазкур мисли тамрини охирини пеш аз бозии Камерун дар майдони "Campo Da Estiva"-и Витория сурат гирифт ва он якуним соат давом кард.
Бозии мунтахаби Тоҷикистон ва тими бразилӣ мусовӣ анҷом ёфт
Қобили зикр аст, ки бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистону Испания бо вақти Душанбе соати 01:00 якуми ноябр оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони то 17 - солаи Тоҷикистон дар бозии қаблии худ бар тими Камерун бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд ва феълан бо ин пирӯзии худ сарднишини гуруҳи "Е" мебошанд.