ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия сокини 26 - солаи ноҳияи Синоро дастгир намуданд, ки ба мардумфиребӣ муттаҳам дониста мешавад.
Манбаъ меафзояд, номбурда моҳи августи соли ҷорӣ, аз ду сокини 26 ва 34 - солаи пойтахт барои пардохт намудани маблағи қарзии Ширкати қаннодии ҶДММ "Таджеро" 49 ҳазору 100 сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Беш аз 1 миллион сомониро гирифту намедиҳад: шикоятҳо аз сокини 43-солаи Ҳисор
Гузашта аз ин, номбурда дар фиреб додани як зани дигар низ гумонбар дониста мешавад.
"Рӯзи 18 - уми июли соли равон аз сокини 38 - солаи пойтахт, барои фурӯш аз ӯ ба маблағи 37 ҳазору 179 сомонӣ маҳсулоти қаннодӣ гирифта, маҳсулотро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардондааст", омадааст дар хабари манбаъ.
Фиребхӯрии сокини Душанбе: ҳам хонаро аз даст дод ва ҳам пули калонро
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ки дар қиболи ин зан Додситонии шаҳри Душанбе, парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 247 қисми 3 ва 245 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда, тафтишот идома дорад.