Вазорати дифои Амрико аввалин навору аксҳои нобудсозии Абӯбакр ал-Бағдодӣ, роҳбари гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар қаламрави Русия)-ро ифшо кард.
Дар навор хонае дида мешавад, ки ҳудуди он пушти девори баланд пинҳон шудааст. Таъкид шудааст, ки ин хонаи роҳбари гурӯҳи террористон будааст. Дар яке аз лаҳзаҳои навор дида мешавад, ки нирӯҳои амрикоӣ аз ду тараф ба хонаи ал-Бағдодӣ наздик мешаванд.
Намояндаи Вазорати дифои Амрико генерал Кенет Маккензӣ тавзеҳ дод, ки маҳз дар ҳамин бино роҳбари террористон зиндагӣ мекард ва ин хона воқеъ дар қаламрави вилояти Идлиб будааст.
Дар навор инчунин тарандозии тарафдорони роҳбари ДОИШ ба сӯи нируҳои амрикоӣ дида мешавад.
Ба гуфтаи генерал Маккензи ҳангоми ҳамла ба хонаи ал-Бағдодӣ, номбурда худро худро ҳамроҳ бо ду фарзандаш тарконидаааст.
Намояндаи пентагон инчунин қайд кард, ки ташхиси ДНК кушта шудани ал-бағдодиро дақиқ кард ва ҷасади ӯ алакай дар баҳр гур карда шуд.