"Аз сад гул як гулам нашукуфтааст": модари санъати тоҷик Гулчеҳра Содиқова 78 сола шуд

Имрӯз, 31 октябр модари санъати тоҷик устоди ҳирфаии фалак, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова зодрӯз дорад. Гулчеҳра Содиқова имрӯз 78 сола мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Гулчеҳра Содиқова - ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, модари санъати тоҷик ва фалаксарои беҳамто мебошад.

Гулчеҳра Содиқова дар зиндагӣ зани хушбахт, боҳунар, дилкушод, зебо ва қавиирода аст.

Зиндагиномаи Гулчеҳра Содиқова

Гулчеҳра Содиқова 31 октябри соли 1941 дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ҳунарнамоиро аз сини хурдсолӣ аз синфи дуюм оғоз кардааст. 

Ҳанӯз дар синфи дуюм Гулчеҳра миёни мардум бо унвони "Гулчеҳраи фалакхон" ном бароварда буд ва дар ҷашнҳои арӯсӣ барои ҳамдиёрони худ таронаҳои дилфиребу дилангез месуруд.

"Наметавонистам сухани касеро рад намоям, зеро мардум ба ин чиз одат карда буданд. Баъд аз чанд маъракае, мардуми деҳа дигар ба суроғи ҳунармандони бегона намерафтанд", - гуфтааст Гулчеҳра.

Дар ҳамон айём Гулчеҳра Содиқова дар озмуни фалаксароён ширкат карда, ҷои аввалро сазовор мегардад. Баъд аз як моҳ Содиқоваро ба Сталинобод (Душанбе) даъват карданд ва дар ин озмун низ ҷои аввалро соҳиб шуд.

Акнун мебоист, озими Маскав мешуд.

Вале, чуноне худ дар суҳбат бо радиои ВВС изҳор медорад аз тарси ҷон ба Русия сафар накард.

"Он вақт мардум "хулиган" - ро бо лаҳҷа "шпана" мегуфтанд. Гуфтанд, ки дар Маскав шпана бисёр, ман тарсидам, ки боз маро он ҷо накушанд", - нақл мекунад Гулчеҳра.

Ҳамсари ҳамдил ва ҳамовоз. Ташкили ансабли хонаводагӣ - "Орзу"

Гулчеҳра Содиқова дар синфи нӯҳум ба хонаводаи хешу ақрабояш келин мешавад. Ба гуфти худи ҳунарманд, ӯ синфи 9-10-ро дар хонаи ҳамсараш ба итмом расонидааст.

"Ҳамсарам дар иҷрои вазифаҳои хонагӣ ба ман кумак мекард. Ман хушбахттарин зан будам, ки чунин ҳамсар доштам", - ба ёд меорад, Гулчеҳра Содиқова.

"Санги мазорам" : аз марги Кароматуллоҳи Қурбон 27 сол гузашт

Чун ҳамсари Гулчеҳра худ низ инсони фарҳангӣ буд, ба овозхонии Содиқова зид набаромад ва баръаакс дар роҳи санъат дастгирияш кард. Дар ҷое Гулчеҳра ҳамсарашро ҳатто устоди аввалини худ мехонад.

"Устоди ҳамаи мо аввал Парвардигор ва баъд устодам - ҳамсарам буд", - мегӯяд Гулчеҳра.

Гулчеҳра Содиқова соҳиби панҷ писар аст, ки ҳамагон роҳи санъатро пеш гирифтаанд, ки ӯҳдаи навохтани созҳои милливу муосир ба хубӣ мебароянд.

"Вақте мо дар ВДНХ - и Маскав соли 1974 ҳунарнамоӣ кардем, писари хурдиям ҳамагӣ шаш сол дошт. Мардум аз таблзании ӯ дар ҳайрат монда буданд ва аз ҷой бархоста ба мо кафкӯбӣ карданд", - мегӯяд бо ифтихор Гулчеҳра.

Ба гуфти ӯ раҳбари гурӯҳ аввал ҳамсараш ва пас аз сари ҳамсар, писари бурузгаш - Орзу, ки ансамбл низ ба номи ӯ гузошта шудаст, мебошад.

Албатта бузург кардани панҷ писар кори осон нест ва аз падару модар заҳмату таваҷҷӯҳи зиёдеро талаб мекунад, махсусан агар модар санъаткор бошад.

Гулчеҳра модари сахтгир аст. Ӯ мегӯяд дар хурдӣ писаронаш ҳатто ба "сархорӣ" вақт намеёфтанд.

"Саҳар ба мактаб мерафтанд, шом дар мактаби ман буданд - яъне дар маъракаҳо. Ҳамин буд, ки ҳар яки онҳо имрӯз эътибори худро доранд", - бовар дорад Гулчеҳра Содиқова.

Фарзандони Гулчеҳра зери навои мусиқӣ ва суруд бузург шудаанд ва албатта ин ҳама бетаъсир намемонад ва натиҷааш имрӯз ба мо маълум аст, зеро ҳама аз санъат ва ҳунар бархӯрдор ҳастанд ва ҳам пешбарандаи касби падару модари хеш мебошанд.

Гулчеҳра аз фарзандони ҳунармандаш ҳамвора ифтихор дорад, ки тарбият ва заҳматҳои кардааш барабас нарафтаанд. Фарзандонаш имрӯз дар канораш ҳунарнамоӣ мекунанд ва пеш аз ҳама, дар пешрафт ва инкишофи санъати тоҷик саҳми боризи хешро гузошта истодаанд.

Саши Заифӣ: "Наргис Бандишоева дурахшонтарин ситораи эстрадаи тоҷик буд"

Ҳунарманди мардумӣ Гулчеҳра Содиқова бо ансамбли худ, қариб ба тамоми гӯшаҳои дунё сафари ҳунарӣ анҷом додааст ва дар оянда ҳам хоҳад кард.

Фалаки даштӣ Гулчеҳра Содиқоваро машҳур кард

Санъати суннатии фалаксароӣ яке аз бахшҳои баргузидаи фарҳанги миллати тоҷик аст, ки аз замонҳои хеле дур мерос мондааст.

Ин арзишҳои фарҳангӣ, бозгӯкунандаи пиндору гуфтору рафтори нек ҳастанд, ки дар гузашта аҷдодони халқи тоҷик офаридаву ҳифз кардаанд. Фалаксароёни ҳақиқӣ дар баробари ҳунари воло ва овози марғуладору лаҳни булбулсон доштан, боз аз асрори фалаки даввор ва неку бади он воқиф буданд. Фалак сароидан, маънии розу ниёз гуфтан бо Кирдигор мебошад.

Гулчеҳра Содиқова яке аз фалаксароёни номвари тоҷик ва таълимдидаи мактаби эҷодии ҳунарманди нотакрор Одина Ҳошим аст, ки дар байни мардуми натанҳо ҷумҳурӣ, балки берун аз марзҳо низ шуҳратёру шинохта гардидааст.

Гулчеҳра Содиқова сарояндаи сирф мардумист, аз ин лиҳоз, ки тамоми паҳлуҳои ҳунараш, рафтору гуфтораш, этикаву эстетикаи ҳунарвариаш аз оғози фаъолият то ин ҷониб аз ҷавҳари фарҳангӣ моддиву маънавии мардум файзбор гаштааст.

Умри азизи хешро фидои санъату ҳунар намуда, дар дунёи пурпечу тоби ҳунарварӣ бо комёбӣ ва сарфарозӣ мавқеъ ва мартабаи хешро дарёфтааст, ки дар воқеъ давомдиҳандаи мактаби бузурги устодаш-Одина Ҳошим мебошад.

Темур Зулфиқоров 83 сола шуд

Гулчеҳра мегӯяд устоди нахустанаш ҳамон куҳҳову пуштаҳову дарёҳоянд, ки ӯ вақте садо сар медод онҳо акси садо мекарданд ва эҳтимол "ҳамовоз" мешуданд.

Гулчеҳра мегӯяд аз омезиши фалак бо жанрҳои муосир истиқбол мекунад, вале ба худаш бештар ҳамсовозии наю дутор писанд аст.

"Ман мехоҳам, ки фалаки ман бӯйи тоҷикона дошта бошад. Барои ман ҳамон дутору наю овоз, фалаки тоҷиконаро пурра меcозад", - бовар дорад Гулчеҳра Содиқова.

Гулчеҳра Содиқова дорандаи ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Соли 2008 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба гурӯҳи бузурги мутахасисони варзида ва аҳли адабу фарҳанги кишвар нишону ҷоизаҳои ҳукуматӣ супурд.

Аз ҷумла ҳунарманди мардумӣ Гулчеҳра Содиқова ва нависанда Бароти Абдураҳмон барандагони ҷоизаи ба номи устод Рӯдакӣ эълон шуданд.

"Аз сад гул як гулам нашукуфтааст"

Гулчеҳра Содиқова дар баробари модари сахтгир буданаш бисёр зани шӯхтабиат аст.

Ҷое ҳунарманд дар мусоҳиба бо расонаҳо мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни Наврӯз муборакбод мегӯяд ва дар бораи нақшаҳо ва сафарҳои ҳунариаш нақл мекунад.

Ӯ мегӯяд, насиб бошаду Худо хоҳад, сафарҳои ҳунарӣ бештар мешаванд, чун: "Аз сад гул ҳоло як гулам нашукуфтааст", - мегӯяд Гулчеҳра Содиқова.