Навори пирӯзии зебои мунтахаби Тоҷикистон бар тими Камерун

Мунтахаби наврасони то 17 - солаи Тоҷикистон оид ба футбол тими Урдунро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, сарднишини гуруҳи "Е" гардиданд
Sputnik

Бозии мунтахаби 17 - солаҳои Тоҷикистон бо тими Камерун дар бошгоҳи Estаdio Klеber Andrade шаҳри Кариасика баргузор гардид.

Муборак: мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар тими Камерун ғалаба карданд

Нахуст қабл аз бозӣ, ҳар ду даста бо байрақи кишварҳои худ вориди майдони мубориза шуданд. дар майдон  садои суруди миллии Тоҷикистон баланд шуд ва варзишгарон низ онро бо фахри баланд хонданд ва сипас ба ҳолати омодабош гузаштанд.

Даври аввали бозӣ барои ҳару ду даста ноком анҷом ёфт ва ҳеҷ як аз ин ду мунтахаб натавонстанд ба дарвозаи ҳам гол ворид кунанд.

Бозии мунтахаби Тоҷикистон ва тими бразилӣ мусовӣ анҷом ёфт

Танҳо дар дақиқаи 51 - ум Шарифбек Раҳматов футболбози моҳири тоҷик ба дарвозаи рақиб голи зебо ворид кард.

Зимнан гуфта мешавад, ки футболбозони тоҷик ҳамчунин як голи дигарро низ ба давозаи тими камерун ворид карданд, вале онро доварон ҳисоб накарданд.

Ҳамин лаҳзаро сармуррабии тими Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов шарҳ дода, афзуд, ки "бозӣ бисёр ҳам мушкил аст, голи дастаи Тоҷикистонро қабул накарданд, ва мо ба истифодаи қоидаҳои дигар мегузарем".

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дуои Рустами Эмомалиро гирифта, ба Бразилия рафтанд

Зимнан Раҳимов илова намудаст, ки ба пирӯзии давстпарварони худ боварӣ дошт, зеро онҳо аз рӯи дастури ӯ амал мекарданд ва дар фарҷом ғолиб омаданд.