ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 27- уми октябри соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи "ДЭУ-Сиелло", Муҳиддинов Комрони 28 - сола, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба оҳани байни роҳ, ки роҳро ба ду қисм ҷудо мекунад, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Шарифова Идимоҳ, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин ВУД Тоҷикистон аз як садамаи дигари маргбор хабар медиҳад, ки дар роҳи мошингузари Душанбе - Бохтар рух додаст.
Рӯзи 27-уми октябри соли 2019, тахминан соати 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "БМВ Х-5", Саидзода Уруни 39 - сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутунҳои муҳофизатии шоҳроҳ бархӯрдааст.
Садамаи мудҳиш дар Душанбе: ронандаи ноболиғ ҳамсолашро кушт ва се ҷавонро бистарӣ кард
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Гурезов Меҳрубони 25 - сола, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, рӯзи 27-уми октябр, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Дустов Носир, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, дар ҳудуди дашти Хушекати ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Халифаева Меҳрубони 42 - сола, сокини деҳаи Хушекатро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Халифаева ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.