Тошканду Душанбе масъалаи марзро баррасӣ карданд: изҳороти ВУХ Узбакистон

Вазорати умури хориҷии Узбакистон мегӯяд, гуфтушунид бо мақомоти тоҷик дар масоили марзӣ дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУХ Узбакистон бо нашри як иттилоия гуфт, мулоқоти навбатӣ бо ҳайати Тоҷикистон дар масоили аломатгузории марз рӯзҳои 24 – 27 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ноамнӣ дар марз: ин навбат сокинони қирғиз бо низомиёни узбак вориди даргирӣ шуданд

“Зимни гуфтушунид лоиҳаи санадҳои ҳуқуқӣ ва техникии аломатгузории марзи Тоҷикистону Узбакистон мувофиқа шуда, ҳамчунин барномаи мулоқотҳо дар масоили марз барои соли 2020-ум ба тасвиб расид”, - омадааст дар иттилоия.

Созиш шудааст, ки лоиҳаҳо барои тасвиб ба Комиссияи муштарак оид ба аломатгузории марз пешниҳод хоҳанд шуд.

Дар пайи гуфтушунид Азизмамад Каримзода, ноиби раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Тулқин Абдуллоев, ноиби раиси Кумитаи давлатии захоири замин, геодезия ва картографияи Узбакистон суратҷаласаи мулоқотро имзо кардааст.

Марзи Туркманистон ҳамоно барои мошинҳои Тоҷикистон баста аст

ВУХ Узбакистон фазои дӯстии ин мулоқотро махсусан таъкид карда, афзудааст, ки нахустин ҷаласаи Комиссияи муштараки аломатгузории марз дар қаламрави Узбакистон баргузор хоҳад шуд.