Ахиран Киев дар бораи мустақар намудани сулҳ дар Донбас эълонҳои зиёде кард. Дар суҳбат ба РИА Новости раҳбари ҷумҳурии худхондаи халқии Луганск Леонид Пасечник назари худро дар бораи шиорпатоиҳои мақомоти Украина, ки эълон карда буд, дар муддати як сол масъалаи низоъи ҳарбиро дар Донбасс ҳал хоҳад кард, шарҳ дод.
Порошенкаро дар Украина тухмшапак карданд
Роҳбари Луганск ҳамчунин ба хабарнигори РИА Новости дар бораи мубодилаи асирҳо ва ақаб бурдани нирӯҳои низомӣ аз хати ҷанг ва теъдоди сокинони ҷумҳурӣ, ки поспортҳои русӣ гирифтандро тавзеҳ дод.
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар як нишасти хабарӣ гуфт, тасмим дорад низоъи низомиро дар Донбасс дар муддати як сол ҳал кунад. Оқои Леонид Пасечник ба назари Шумо роҳбари Украина бояд бо кадом роҳ биравад то ки ба ин ҳадаф бирасад?
Зеленский ва тими ӯ ба мардум ваъдаҳои зиёде доданд, аммо дар Қиёс ба Петр Порошенко, раисҷумҳури собиқи ин кишвар, ки ҳеҷ кори хубе намекард, иқдомҳои камтар кардаанд. Илова бар ин, ба гуши мо ҳар рӯз нақшаҳои нави ҷори намудани сулҳ дар минтақа мерасад. Ҳар шахсе, ки тафакури солим дорад, медонад, ки созишномаи Минскро Украина канор гузошта наметавонад. Пайдо намудани роҳҳои гурез аз иҷрои ин созишнома ғайри имкон аст. Ба ҳамин хотир, раисчҷумҳур Зеленский бояд ин санаде, ки ба ҷои ӯ таҳия кардаанд, қадам ба қадам иҷро намояд. Агар тавонад иҷро бандҳои ин санадро иҷро намояд, ӯ ба кишвар сулҳ меорад, агар натавонад Зеленский метавонад ба ҳайси раисҷумҳури омуду орзуҳо боқӣ бимонад.
Ахиран мубодилаи асирҳо соли 2017 анҷом ёфта буд. Ҳоло гуфтушунид дар ин бора дар чӣ ҳолат аст ва метавон гуфт, ки кай мубодилаи навбатии асирҳо сурат мегирад?
Дар ҳоли ҳозир, гурӯҳи корӣ дар масъалаи мубодилаи асирҳо тамоми чораҳо меандешад, ки сокинони Луганскро ба хонаҳои худ баргардонад. Аз тарафи худ мо ҳамаи уҳдадориҳои бар дӯш гирифтаро иҷро дорем ва мо ҳамеша омодаи музокирот ҳастем. Аммо мо аз ҷониби рақибонамон ин гуна хосторро намебинем. Ба ҳамин хотир наметавонем ин масъаларо пешгӯӣ намоем.
Ҷониби Украина намехоҳад аз хатти ҷанг дар наздикии деҳаи Золотое нирӯҳояшро ақаб андозад. Ба назари Шумо мушкили дар чист?
Боз такрор мекунам, ки санаде ҳаст, ки дар он нақшае таҳия шудааст, ки тибқи он ба минтақаи Донбасс сулҳ меояд. Ба он метавон такия кард ё накард. Аммо вақте, ки ҷониби Украина аз иҷро накардани бандҳои ин санад даст мекашад ва дар сатҳи байналмилалӣ ҳар гуна баҳонаҳо меҷӯянд, мо аз солим будан ва тавонову и хостори иҷрои ин санад аз тарафи ҳукумати Украина шак мебарем.
Украина 1 январ ба Русия “посух” мегӯяд
Ба назар мерасад, ки Зеленский наметавонад пеши роҳи милатгароҳои кишварро бигирад. Аҷиб он аст, ки як гурӯҳи кучаки фошистҳо ба роҳбари кишвар шартҳои бозии худро пеш мебаранд.
Манъи намоиши беш аз 400 филму сериёлҳои русӣ дар Украина
Ҳоло дар Луганск фаъолона қабули аризаҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия идома дорад. То имрӯз чӣ қадар сокинони Луганск барои гирифтани шаҳрвандии Русия дархост равон карданд?
Дар ҳоли ҳозир беш аз 30 ҳазор нафар сокинони Луганск алакай шиносномаи Русияро ба даст оварданд. Дар ҳоли ҳозир боз 50 ҳазор нафари дигар барои гирифтани шаҳрвандӣ дархост равон кардаанд. То охири сол ин арқом ба 100 ҳазор нафар хоҳад расид. Маълум аст, ки мардуми Луганск барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия хоҳиши зиёд доранд.