8 сол доданд, 1 сол шиштам: навори раҳоии нахустин афвшудаҳо-видео

Рӯзи якшанбе 27 октябр нахустин гуруҳҳои афвшуда, аз ҷумла занону наврасони маҳкумшуда ва беш аз 50 фоизи зиндониён аз маҳбаси Ёвон ба озодӣ баромаданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Телевизионҳои Тоҷикистон аз раҳоии нахустин гуруҳҳои маҳбусон гузориш дода, таъкид намуданд, ки дар маҷмуъ 7 ҳазор маҳбус аз зиндон озод мешаванд.

Дар қатори нахустинҳо, ки ба озодӣ баромаданд, наврасон буданд, ки дар муассисаи махсус барои наврасон дар Душанбе нигоҳдорӣ мешуданд.

Аз маҳбаси занонаи шаҳри Норак 165 нафар ба озодӣ баромаданд. Роҳбар Аминова, модари солхӯрдае, ки афв шудааст, изҳор дошт, ки ба 8 сол маҳкум шуд, аммо баъди адои 1 солу 3 моҳи муҳлати ҷазо афв шуд.

Зуҳуров ба мақомот: барои пайвастани афвшудагон ба зиндагии комил чораҳои дахлдор андешед

Модари дигар дар гузориши телевизионӣ изҳор дошт, ки фарзандаш 12 соли зиндон ҳукм гирифт ва бо паси сар кардани 1 сол озод гардид.

Аз муассисаи ислоҳии низомаш умумии ноҳияи Ёвон бештар аз 50 фисад - 793 нафар озод шуданд ва ба иттилои мақомот баъди омӯхтани парвандаҳо эҳтимоли зиёд шудани ин рақам вуҷуд дорад.

Дар маҷмуъ дар доираи қонуни афв 7 ҳазор аз маҳбас озод мегарданд, 4500 нафари дигар аз ҷазоҳое, ки марбут ба ҳабс нестанд, озод мешаванд. Инчунин зиёда аз 2 ҳазор нафаре, ки парвандаашон дар ҳоли таҳқиқ аст, афв мегарданду муҳлати ҳабси маҳкумшудаҳои дигар кам мешавад.