Яккасардорӣ бас: қабули шеваи нави роҳбарӣ дар Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи равон бо қабули тағйирот дар қонунгузории кишвар ба яккасардорӣ дар корхонаҳои давлатӣ хотима дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, гуфт феълан дар кишвар  роҳбари корхонаи давлатӣ дар асоси принсипҳои яккасардорӣ фаъолият карда, ҳамаи масъалаҳои фаъолияти корхонаро мутобиқи салоҳияташ, мустақилона ҳал менамояд.

Тавсифи ХБА аз болобарии нархи барқ ва тавсияҳои нав

Ҳамрализода ба вакилони парлумон тағйирот ба қонун “Дар бораи корхонаҳои давлатӣ”-ро пешниҳод кард, ки ба яккасардорӣ дар корхонаҳои давлатӣ хотима дода, ба гуфтаи ӯ масъулиятшиносии раисонро дучанд  мекунад.

Ӯ тавзеҳ дод, ки минбаъд мақомоти идоракуни корхонаи давлатӣ инҳоянд: “Мақоми болоӣ -Ҳукумати Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдоршуда, мақоми идоракунии корхона - Шӯрои нозирон ва мақоми иҷроия - роҳбари корхонаи давлатӣ”.

Тибқи гузориши нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз ҷараёни ҷаласа, Ҳамрализода ин шеваи идоракуниро муосир хонда, ҳадафи ташкили шӯроҳои нозиронро таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои давлатӣ, баланд бардоштани ­масъулияти роҳбари корхона гуфтаст.

“Талко” куҳна шуд: Раҳмон қарораш дар бораи корхонаи алюминийро шарҳ дод

Раиси Кумитаи идораи амволи давлатӣ таъкид намуд, ки роҳбари корхонаи давлатӣ аз ҷониби муассис ё мақоми ваколатдори он таъин шуда, тибқи шартномаи меҳнатӣ ба онҳо ва шӯрои нозирон ҳисоботдиҳанда мебошад.

Вакили парлумон гуфт, яккасардорӣ натиҷа надод, зарар овард

Олимҷон Бобоев, вакили парлумон, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон низ аз шеваи нави идоракунӣ истиқбол карда, гуфт яккасардорӣ натиҷа надод, балки зарар овард.

“Бояд қайд кард, ки фаъолияти корхонаҳои давлатӣ дар асоси принсипҳои яккасардорӣ натиҷаи зарурӣ надод, аксарияти корхонаҳои давлатӣ фаъолияти худро бо зарар ҷамъбаст менамоянд”, - изҳор дошт Бобоев.

Ӯ афзуд, ҳамчунин, таҷрибаи пешқадами миллӣ ва байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ҷорӣ намудани асосҳои идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ташкили шӯроҳои нозирон дар онҳо барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбари корхона, ҳифзи манфиатҳои давлат ва дар маҷмӯъ, барои рушди корхонаҳои давлатӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар пайи муаррифӣ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйироти пешниҳодшударо қабул кард.