Мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2019" барои варзишгарони тоҷик хотима ёфт

Бо шикас хурдани чаҳор варзишгари дигари тоҷик дар мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2019" барои Тоҷикистон хотима ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2019", ки аз Тоҷикистон 11 чудоҷӣ, 1 духтар ва 10 писар иштирок намуданд, ҳамаашон аз идомаи сабқат маҳрум гардиданд.

 Нокомии ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи дуюми "Abu Dhabi Grand Slam 2019"

Бар хабари сомонаи Варзиш, имрӯз, 26-уми октябр дар рӯзи ниҳоии рақобатҳои ин мусобиқа Тоҷикистонро  чаҳор ҷудочӣ – Комроншоҳи Устопириён (-90кг), Саидҷалол Саидов (-100кг), Шакармамад Мирмамадов (+100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ карданд.

Дар рӯзи ниҳоӣ низ ҷудоварзони тоҷик аз рақибони худ дучори шикаст шуда, аз идомаи сабқатҳо бенасиб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи дуюми мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2019", ки Тоҷикистонро чаҳор ҷудочӣ намояндагт карданд, ба шикаст рӯбарӯ шуданд.

Паҳлавон: Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо шуд

Варзишгарони тоҷик Шоҳида Қаландарова,  Беҳрӯз Хоҷазода, Акмал Муродов ва Назаров Ҳақназар Тоҷикистонро дар ин мусобиқа муаррифӣ мекарданд.

Шоҳида Қаландарова, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз пайти дуюм бар муқобили намояндаи Куба – Карвахал Майлин оғоз карда, дучори шикаст шуд.

Баргузории мусобиқаи Ҷоми президент оид ба дзюдо дар Хуҷанд: ҷоиза 10 ҳазор сомонӣ

Беҳрӯз Хоҷазода дар даври аввал бо ҷудочии муғул – Тсогбаатар Стен-Очир рақобат карда, дучори нокомӣ гардид ва аз идомаи сабқат бенасиб монд.

Комроншоҳ дар мусобиқаи ҷаҳонии устодони дзюдо ширкат мекунад

Ду варзишгари дигари тоҷик - Акмал Муродов ва Назаров Ҳақназар низ дар ҳамин давр аз рақибонашон дучори шикаст шуданд.