ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Системи дифоъи зиддимушакии “Фаворит” ё С-300 бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории РБК дар истинод ба Вазорати дифои Русия.
Тибқи иттилои манбаъ, Вазорати дифои Русия системи дифоъи зиддимушакии “С-300”-ро ба наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон интиқол додааст.
“С-300 аввалин системи дифоъи зиддимушакии аст, ки Русия онро дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки нируӯҳои муштараки кишварҳои хориҷӣ ҳузур доранд, насб кардааст. Миёни кишварҳои Осиёи марказӣ аз мушакҳои С-300 танҳо дар артиши Қазоқистон дида мешавад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, мушакҳои С-300 дар Тоҷикистон барои ҳимояи пойгоҳи низоими 201-уми Русия насб карда мешавад.
Мушакҳои С-300 яке аз пешрафтатарин мушакҳои зиддиҳавоӣ дар ҷаҳон аст, ки илова бар ҳавопаймо метавонад мушакҳои болистикро ҳам бизанад.